РУСИЯ
НАТО
ЭРОН
ЧИН
ДОИШ
ИҚЛИМ
ИҚЛИМ
Инҷо баҳсҳои номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи 6 масъалаи умдаи сиёсати хориҷӣ оварда шудаанд
ИНТИХОБОТ 2016
РӮЁРӮӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
КИТАЙ
“Раисиҷумҳур Владимир Путин геополитикаро бозие медонад, ки агар як тараф бурд, бояд каси дигар бибозад. Амрико бояд ҳам қудрат нишон диҳад ва ҳам сабурӣ. Агар имкон бошад, мо бояд дар масоили хос бо Русия ҳамкорӣ кунем ва дигар кишварҳоро барои пешгирӣ аз рафтори манфии Русия басиҷ кунем. Ин кори мушкил, вале муҳим аст.”
____________________________________________
• Русияро ҳамчун “ҳариф” ва Путинро ба ҳайси “зӯргу” мешуморад, ки бояд як кас пайваста дар муқобилаш биистад, чун “ӯ ҳар қадаре, ки метавонад, мегирад.”
• Таъкид доштааст, ки дар гузашта “шона ба шона” сӯҳбат кардааст
• Ба Аврупо кӯмак мекунад, то пойбандиаш ба нафту гази Русия кам шавад.
• Гуфтааст, Путин мехоҳад, Трамп пирӯз шавад, Кремлро ба рахнаи компютерҳо ва таъсир гузоштан ба интихобот муттаҳам мекунад. ______________________________________________________
“Ман бо Владимир Путин қотеъ хоҳам буд, айни замон мехоҳам коре кунам, ки бо Русия рафиқ бошем. Мисли имрӯза набошад. Ҳамингуна мо метавонем якҷоя гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро нест кунем.”
____________________________________________
• Гуфтааст, ки масъалаи эътирофи ғасби нимҷазираи Қрими Украина аз ҷониби Русия ва бардоштани таҳримотро баррасӣ мекунад.
• Рад кардааст, ки сарбозони украинӣ пас аз ғасби Қрим дар Украина буданд
• Иддао дорад, ки дар муқоиса бо Клинтон, бо Путин беҳтар музокира мекунад.
• Гуфтааст, ки “умедвор” аст, Русия имейлҳои замони вазирии Клинтонро дар ихтиёр дорад ва барои ҷомеа нашр мекунад.
• Шубҳа дорад, ки Русия компютерҳои Кумитаи марказии Ҳизби демократро рахна кардааст.
• Ба таҳдидҳо ва манофеи муштарак ба мисли мубориза бо терроризм ва назорати муҳоҷират таъкид мекунад.______________________________________________________
“Фикр кунед. Агар кишварҳои Аврупои шарқӣ ва марказӣ узви НАТО намебуданд, муноқишаи Украина чӣ қадар ҷиддӣ мебуд ва пешгирӣ аз ҷилавгирӣ аз таҷовузи ояндаи Русия чӣ қадар мушкил мешуд. Дарҳои НАТО бояд боз гузошта шаванд.”
____________________________________________
• НАТО-ро “як сармояи беҳтарини Амрико” дар ҳама замон номидааст
• Ваъда додааст, ки дар канори ҳампаймонҳои Аврупоӣ меистад, то Русияро ақиб зананд ва аз таҷовузи он ба Аврупо ва фаротар аз он пешгирӣ кунанд.
• Гуфтааст, агар Амрико раҳбарӣ накунад, “мо халоеро мегузорем, ки ё сабаби ҳарҷу марҷ мешуд, ё дигар кишварҳо барои пур кардани ин хало мешитофтанд.”
• Ваъда додааст, ҳамкориҳои нав дар Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёро ба роҳ меандозад.
______________________________________________________
“Барои бори вазнине, ки ҷиҳати таъмини амният мекашем, шарикони мо бояд аз назари молӣ, сиёсӣ ва инсонӣ саҳм гузоранд. Бисёре аз онҳо коре намекунанд. Ман ҳамчунин нишасти алоҳидаи сарони НАТО ва шарикони Осиёро даъват мекардам, то ки на танҳо тағйир додани тааҳҳудоти молиро баррасӣ кунем, балки дар бораи пеш гирифтани стратегияҳои нав суҳбат кунем.
____________________________________________
• НАТО “кӯҳна шудааст”
• Гуфтааст, ки Амрико фақат он аъзои НАТО-ро аз таҷовузи Русия ҳимоя мекунад, ки агар ба аҳдҳояшон вафо кунанд.
• Гуфтааст, агар муттафиқон хароҷоти низомиашро зиёд накунанд, Амрико ҳимоят аз онҳоро бозмедорад.
• Барои муқобила бо терроризми исломӣ ва бӯҳрони муҳоҷират “маъмурият ва сохтори кӯҳнашудаи” НАТО-ро ислоҳ мекунад.
______________________________________________________
“Амрико ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Чун раиси ҷумҳур ҳама чораҳоро меандешам, ки Амрикову муттафиқонашро муҳофизат кунам. Агар Эрон дар талоши дастёбӣ ба силоҳи атомӣ шавад, ман аз иқдоми низомӣ худдорӣ намекунам.
____________________________________________
• Аз созиши атомии соли 2015 бо Эрон ҳимоят мекунад, ки дар ивази гузаштҳо, таҳримоти байналмилалиро бардошт.
• Ҳамаҷониба созишро амалӣ мекунад, то Эрон соҳиби силоҳи атомӣ нашавад.
• Стратегияи фарогиреро ба роҳ меандозад, то аз ”рафтори бади” Эрон дар минтақа пешгирӣ кунад.
• Сиёсати “бовар накуну бисанҷ”-ро пеш мегирад, ки ишорае ба ибораи маъруфи “эътимод кунед, вале як бор бисанҷед” аст. Ин ибораро Доналд Рейган раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар робита ба Иттиҳоди Шӯравӣ истифода карда буд. ______________________________________________________
"Эрон набояд соҳиби силоҳи атомӣ шавад ва дар аҳди Трамп ҳеҷ гоҳ соҳиби силоҳи атомӣ намешавад.... Дар музокирот шумо бояд моил ба тарки гуфтугу бошед. Созиш бо Эрон мисли дигар созишҳои мо бисёр бад аст ва натиҷааш ҳам бемайлии мо ба тарки мизи гуфтӯгу аст.
____________________________________________
• Созиши “фалокатбора” дар ивази гузаштҳои кам ба Эрон имтиёзи зиёд дод.
• Созиши атомиро бознигарӣ мекунад.
• Таҳримҳои Амрико ба зидди Эронро ду ва ё се маротиба зиёд мекунад, то Эронро ба музокирот баргардонад.
• Таҳдид кардааст, ки агар қаиқҳои посбонии Эрон дар наздикии киштиҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс, ҳаракатҳои нодуруст кунад, онҳоро “зада аз об берун мекунад.”
______________________________________________________
Бо Чин “мо яке аз муносибатҳои чолишбарангезтаринро дорем.” Амрикр мисли тамоми дигар кишварҳо дар ҳаракати озод манофеи милл дорад, дар дастрасии озод ба қаламравҳои обии Осиё ва эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ дар Баҳри Чини Ҷанубӣ. Мо арзишҳои худро барои ба даст овардани имтиёзот аз Чин қурбон намекунем.
____________________________________________
• Барои муқобила бо тавсиаталабии низомии Чин дар Осиё ба меҳвари стротегии Амрико дар Осиё такя мекунад.
• Чинро барои зӯргуиаш дар баҳсҳои қаламравӣ ва ҳамлаҳои интернетӣ посухгу мекунад.
• Барои ҳамкорӣ дар бораи тағйири иқлим ва маҳор кардани Куриёи Шимолӣ эътимоди Чинро ба даст меорад.
• Ба Пекин барои эҳтироми ҳуқуқи инсон ва тиҷорат ва ҳамлаҳои интернетӣ фишор меорад. ______________________________________________________
“Фурсати он аст, ки бо истифода аз ҳавопаймоҳои бештар ва зарбаҳои бештар дар миқёси васеътар амалиёти ҳавоии нерӯҳои эътилофиро шурӯъ кунем. Бо зарбаҳои ҳавоӣ бояд нерӯҳои заминӣ, (ба ғайр аз нерӯҳои амрикоӣ) ба кор бурда шаванд. Мардуми маҳал ва кишварҳо бояд таъмини амнияти худро бар ӯҳда бигиранд. Мо ба онҳо кӯмак карда метавонем, аммо наметавонем, кори онҳоро иҷро кунем.
____________________________________________
• Бе ҷалби нерӯҳои заминии Амрико, бо Давлати исломӣ муқобила ва онро маҳв кунад.
• Русия ва Эрон бахше аз мушкили Сурия ҳастанд, бо ҳамла ба мухолифи давлати Сурия, ба зидди Давлати исломӣ дуруст мубориза намебаранд.
• Артиш ва мудирият дар Ироқро тақвият мекунад.
• Кӯмак барои амният ва демократия дар Афғонистонро идома медиҳад
• Дар барқарории амният дар Либия ва Яман кӯмак мекунад ______________________________________________________
“Мо бояд бо ҳар кишваре, ки ба он исломи ифротӣ таҳдид мекунад, ҳамкорӣ кунем. Аммо ин роҳи дутарафа аст. Онҳо низ бояд барои мо хубӣ кунанд ва дар ёд бигиранд, мо ҳама корро барои онҳо мекунем. Мубориза ба зидди исломӣ ифротӣ дар ватани мо ҳам сурат мегирад. Даҳҳо нафар аз муҳоҷирони навомада дар хоки мо ҳастанд, ки ба терроризм муттаҳам шудаанд.
____________________________________________
• ДОИШРО бо ҳамкорӣ бо кишварҳои мавриди таҳдиди исломӣ ифротӣ шикаст медиҳад
• Мегӯяд, ҷанги Русия ва Эрон бахше аз роҳҳали ҷанги Сурия аст.
• Барномаи мушаххаси маҳви ДОИШ-ро пешниҳод накардааст, мегӯяд, ногаҳонӣ анҷом медиҳад.
• Назараш ин аст, ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида набояд дар Ховари Миёна гирифтор шаванд.
• Нерӯҳои амрикоиро дар Афғонистон нигаҳ медорад.
• Мегӯяд, бояд нерӯҳои Амрико дар Ироқ мемонданд.
• ДОИШ-ро дар Либия бомборон мекунад
• Гуфтааст, ки назорат бар муҳоҷиратро сахт мекунанд, аз ҷумла вуруди мусулмонон ба Амрикоро комилан мамнӯъ мекунанд.
• Тарафдори ба даст овардани эътироф бо усулҳои ғайриқонунӣ аз муттаҳамон ба терроризм аст.
______________________________________________________
“Ман намегузорам, касеро моро ба ақиб кашад, иқтисоди моро аз манфиатҳои энержии пок маҳрум кунад, ё кӯдакони моро ба дасти фалокате супорад, ки аз тағйироти беназорати иқлим ба вуҷуд омадааст.
____________________________________________
• Тағйири иқлим, масъалаи ахлоқӣ ва иқтисодӣ аст ва “чолишҳои амнияти миллии моро муайян мекунад.”
• Бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди дохилӣ ҷаҳонро ба истифодаи энержии пок раҳнамоӣ мекунад.
• Барои истифодаи энержии эҳёшаванда, назорати олудагии ҳаво, барномаи давлатиеро бо ҳамкорӣ ба ҳукуматҳои аёлатҳо ва минтақаҳо амалӣ мекунад.
• То соли 2020 бештар аз ним миллион батареяҳои офтобӣ насб мекунанд.
• То соли 2026 ба ҳадде нерӯи барқи пок истеҳсол мекунад, ки барои тамоми хонаҳо дар Амрико кофист. ______________________________________________________
“Ғояи гармоиши иқлим барои он ва барои Чин бофтанд, ки истеҳсолоти Амрико рақобатнопазир шавад. Ҳукумат бояд як тараф истад ва бояд баъзе аз ин муқаррарот дар бораи энержӣ халос шавем. Ин вазъ аз назорат хориҷ шудааст. “
____________________________________________
• Тамоми чораҳои андешида ҳукумати Амрико дар бораи тағйири иқлимро лағв мекунад.
• Амрикоро аз созиши ҳосилшудаи СММ дар Париж дар соли 2015 хориҷ мекунад.
• Муқаррароти ҳукумат дар бораи тағйири иқлимро кам мекунад
• Ҷойҳои корӣ дар соҳаи истихроҷи маъданро нигаҳ медорад.
• Барои ба даст овардани истиқлоли энержӣ дар Амрико, полоишгоҳҳои нафтро зиёд мекунад ва тарҳи лӯлаи нафти Keystone XL –ро эҳё мекунад.
______________________________________________________
ИНТИХОБОТ 2016
РӮЁРӮӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Инҷо баҳсҳои номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи 6 масъалаи умдаи сиёсати хориҷӣ оварда шудаанд
“Дуруст кардани ҳамкориҳо бо Чин, як қадами муҳим ба самти қарни шукуфоӣ аст. Чин ба қудрат эҳтиром дорад. Мо имкон додем, онҳо бо пешдастии иқтисодӣ моро дигар эҳтиром накунанд. Мо дефитсити бузурги тиҷоратӣ бо Чин дорем ва бояд роҳи зуди ба тавозун оварданашро пайдо кунем. Амрикои қавӣ ва зирак, Амрикоест, ки дар Чин рафиқи хуб меёбад.
____________________________________________
• Дар симои Чин, яке аз ҳарифони асосии Амрико бахусус дар сиёсати иқтисодиро мебинад.
• Аз роҳи ба тавозун овардани касри тиҷорат, мехоҳад робита бо Чинро дуруст кунад.
• Ба моли чинӣ 45 дар сад боҷи гумрукӣ таъйин кунад.
• Пеши роҳи ҷосусии интернетии Чинро бигирад.
• Чинро ба мурооти муқаррароти байналмилалии тиҷорат маҷбур кунад.
• Бо фишор ба Чин лаҷоми барномаи атомии Куриёи Шимолиро бикашад.
______________________________________________________
Ҳилларӣ Клинтон
Доналд Трамп