Муҳоҷирон, хуш омадед:
Русия дар талоши ҳалли бӯҳрони демографӣ аз роҳи ҷалби муҳоҷирон аст?

By Кристина Фолтинова 26 июни соли 2020

Муқаддима: 161,170. Ҳамин миқдор шиносномаҳоро Русия дар моҳҳои январ то марти соли ҷорӣ тақдим кард. Ин беш аз ду баробари миқдори шиносномаҳоест, ки дар ҳамин муддати соли 2019 дода шудааст. Апрели соли 2020 президенти Русия Владимир Путин инчунин қонуни душаҳрвандиро имзо кард, ки то 10 миллион шаҳрванди навро ҷалб мекунад. Чаро? Путин бӯҳрони демографиро дар авлавияти кор қарор медиҳад.

Ҷамъияти Русия дар даҳсолаи аввали баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 коҳиш ёфт. Ин тамоюл соли 2009 беҳбуд ёфт, вале соли 2018 дубора шумори аҳолӣ кам шуд ва пешбиниҳо чандон умедворкунанда нестанд.

Чаро аҳолии Русия коҳиш меёбад?

Соли 2018 мизони таваллуд дар Русия 1,57 буд. Ин омор ба вазъияти кишварҳои аврупоии Олмону Норвегия монанд ва баландтар аз Кореяи Шимолӣ буд, ки 0,98-ро ташкил медод. Вале бо ин вуҷуд соли 2018 Русия дар миёни 40 давлат ҷой гирифт, ки мизони ками таваллуд доштанд. Он инчунин аз "сатҳи таваллуди ивазшаванда", ки тақрибан 2,1 аст, поин буд. Яъне як зани синни таваллуд як кӯдак таваллуд мекард ва як насл бо насли дигар бидуни муҳоҷирон иваз мешуд.

Мизони таваллуд
(Ҳисоби миёнаи кӯдаконе, ки аз як зан таваллуд шудаанд. Омори соли 2018)

Вазъият дар тамоми нуқоти Русия яксон нест. Соли 2019 минтақаҳое бо аксар аққалиятҳои миллии мисли Тува ва Чеченистон мизони баландтарини таваллудро доштанд ва гоҳо ин нишондод болотар аз нишондодҳои “таваллуди ивазшаванда” буд.

Мизони таваллуд дар минтақаҳо
(2019)

Русия яке аз нишондодҳои баландтарини марг дар ҷаҳонро дорад ва аз рӯи нишондодҳои соли 2020-и CIA дар ҷои ҳафтум қарор дошт. The Lancet соли 2014 гуфт, ки эҳтимолияти марги як мард то синни 55-солагӣ 25% аст. Соли 2018 2018 ҳар марги чорум дар Русия пеш аз 60-солагӣ рух додааст. Дар миёни сабабҳо – хадамоти бади тиббӣ, ғизо, варзиши нокофӣ, ҳодисаҳои мухталиф, бахусус дар миёни мардон, мисли марг бар асари бадмастӣ, тамокукашӣ, заҳролудшавии тасодуфӣ ва худкушӣ.

Мизони марг
(Бо ҳисоби ҳар 1000 одам)

Омили дигари муҳим дар Русия муҳоҷират аст, ки ҳам ба дохил ва ҳам хориҷи кишварро дар бар мегирад. Соли 2018 беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Русия шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупоро ба даст оварданд (аз ҷумла Бритониёи Кабирро). Инчунин гурӯҳи ҷавонҳои 18 то 24-сола, ки Русияро тарк карданд, аз 29 дарсади соли 2009 то 53 дарсад дар соли 2019 афзоиш ёфт.

Ҷавонҳое, ки ба хориҷа рафтан мехоҳанд
(Дарсад)

Барои гирифтани пеши роҳи ин тамоюл Русия чӣ кор кард?

Русия давоми солиёни охир дар талоши боло бурдани сатҳи таваллуд аст. Барои хонаводаҳо барномаҳои махсуси ташвиқотию маъракаҳои зидди тамокукашӣ роҳандозӣ ва синни харидорони нӯшокиҳои спиртӣ боло бурда шуд. Вале то ҳол стратегияи муваффақтарин ҷалби муҳоҷирон будааст, чун мавҷи муҳоҷирон қишри камшудаи аҳолиро такмил мекунанд. Дар натиҷа Русия баъди ИМА кишвари азимтарини қабулкунандаи муҳоҷирон буда, соли 2019 дар ин кишвар 11 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор дошт.

Тағйирот дар аҳолии Русия
(миллионҳо)

Соли 2018 муҳоҷират ҳам натавонист коҳиши демографиро пур кунад ва шумори аҳолӣ барои аввалин бор дар 10 сол поин омад. Ин коҳиш соли 2019 ҳам идома ёфт. Ин вазъият эҳтимолан сабаби асосии қабули қарор дар бораи тақдими осони шаҳрвандӣ шуд.

Соли 2019 украиниҳо 60% шаҳрвандони нави Русияро ташкил доданд. Моҳҳои апрел ва июли ҳамон сол Путин қароре имзо кард, ки бар асоси он мардуми Украина аз минтақаҳои Донетск ва Луҳанск, ки қисман зери назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия мебошанд, бо роҳи содда шаҳрвандии Русияро дарёфт мекарданд. Апрели соли 2020 Путин қонуни душаҳрвандиро қабул кард, ки барои 10 миллион муҳоҷир, аксар сокинони русзабони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ мавриди таваҷҷӯҳ шуд.

Ҳуввияти соҳибони нави шиносномаҳои Русия
(2019)

Бар асоси сенарияи бадтарин, Русия дар 15 соли оянда эҳтимоли аз даст додани 12 миллион аҳолиашро дорад. Вале хушбинтарин арзёбиҳо ҳам мегӯяд, ки мизони марг то соли 2035 назар ба таваллуд баландтар хоҳад буд. Аз ин рӯ, Русия дар ҳарду ҳолат ҳам аз муҳоҷирон вобаста хоҳад буд.